Тартиби тақриздиҳӣ ба дастхати мақолаҳо

Тартиби тақриздиҳӣ ба дастхати мақолаҳое, ки ба редаксияи маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ворид шудаанд

Ҳамаи мақолаҳои ба редаксияи маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» воридгардида аз ташхиси пешакӣ гузашта (аз тарафи аъзои ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи марбутаи илмӣ амалӣ карда мешавад) ва тибқи тартиботи муқарраршуда қабул мешавад. Талабот оид ба тарзи таҳияи нусхаи аслии мақола дар ҳар шумораи маҷалла пешниҳод мешавад «Қоидаи таҳияи мақолаҳо»

1. Котиби масъул мувофиқати мақоларо ба қоидаҳои таҳия ва ба самти маҷалла месанҷад. Сипас мақола барои таҳрир ба аъзои ҳайати таҳририя ва ё олим ё мутахассиси баландихтисоси ташкилоти дигар, ки равияи илмии ӯ ба мавзӯи мақола хеле наздик аст, фиристода мешавад.

2. Муҳлати тақриздиҳӣ ба мақола ба вазъияти мушаххас вобаста буда, ба ҳисоби миёна қариб 6 моҳро дар бар мегирад.

3. Тақриз бояд тафсири асосноки сифатҳои мақола, аз ҷумла навгонии илмии проблема, мубрамият, аҳамияти таърихӣ, саҳеҳиятии иқтибосӣ, услуби тасвир, истифодаи манбаъҳои муосир, инчунин тафсири асосноки камбудиҳои онро дар бар гирад. Дар хулосаи тақриз ба мақола баҳои умумӣ дода шуда, тавсия барои ҳайати таҳририя дар хусуси нашр кардан, нашр кардан баъди коркарди иловагӣ, ба тақризи иловагӣ фиристодан ва ё рад кардани чопи мақола оварда мешавад. Ҳаҷми тақриз набояд аз як саҳифаи чопӣ кам бошад.

4. Тақризи дастхат ба таври махфӣ гузаронида мешавад. Фош кардани ҷузъиёти тақризи дастнавис вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ҳисоб мешавад. Ба муқарризон барои истифодаи худ нусхабардорӣ кардани дастхат иҷозат дода намешавад.

Муқарризон ва аъзои ҳайати таҳририя ҳуқуқ надоранд, ки иттилооти дар дастхат мавҷудбударо то ба нашр расидани он ба манфиати шахсии худ истифода баранд. Тақризҳо дар редаксияи маҷалла муддати 5 сол маҳфуз дошта мешаванд.

5. Дар мавриди дар тақриз мавҷуд будани тавсияҳо оид ба ислоҳ ва коркарди иловагии мақола, котиби масъул, матни тақризро ба муаллиф фиристода, таклиф менамояд, ки ин эродҳо ҳангоми омода сохтани варианти нави мақола ба ҳисоб гирифта шаванд ва ё муаллиф метавонад бо далелҳои асоснок онро қисман ё пурра рад карда, такроран ба тақриз фиристонад ва ҳайати таҳририя дар хусуси чопи он қарор қабул менамояд.

6. Мақола дар мавриде ба чоп қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар муқарриз ба он тақризи мусбат дода бошад ва ё аъзои ҳайати таҳририя барои чопи он ризоият дода бошанд. Тартиб ва навбати чопи мақола аз рӯи санаи воридшавии варианти ниҳоии мақола муқаррар карда мешавад.

7. Редаксия дар ҳолати аз ҷониби муаллиф ба эътибор нагирифтани таклифу эродҳои муқарриз, ислоҳ накардани камбудиҳои нишондодашуда ва ё хоҳиши ислоҳкунӣ надоштани муаллиф, ҳуқуқ дорад чопи мақоларо рад намояд.

8. Мақолаҳое, ки аз ҷониби муқарриз ба чоп тавсия нашудаанд, ба муҳокимаи такрорӣ қабул карда намешаванд.

9. Дар мавриди тақризи манфӣ гирифтани мақола ва ё варианти коркардашудаи он чопи мақола рад карда шуда, дар хусуси чунин қарор қабул кардани ҳайати таҳририя ба муаллиф иттилоъ дода мешавад.

10. Дар маҷаллаи илмӣ ба чоп иҷозат дода намешавад:
– мақолаҳое, ки пештар нашр шудаанд;
– мақолаҳое, ки мувофиқи талаботи маҷалла таҳия нашудаанд;
– мақолаҳое, ки муаллифонашон талаботи редаксияро оид ба коркарди техникии мақола иҷро намекунанд;
– мақолаҳое, ки муаллифонашон эродҳои асосноки гирифтаи муқарризонро иҷро намекунанд ва ё нодурустии ин эродҳоро бо далелҳои боэътимод исбот карда наметавонанд;
– силсилаи мақолаҳое, ки зинаҳои ҷудогонаи таҳқиқоти ба анҷом нарасидаро инъикос менамоянд.

11. Пас аз қабули қарори ҳайати таҳририя дар хусуси ба чоп иҷозат додани мақола, котиби масъул ба муаллиф дар ин бора иттилоъ дода, муҳлати имконпазири чопи онро нишон медиҳад.

12. Навбати чопи мақолаҳо аз рӯи қайди ба редаксия воридшавии онҳо муқаррар карда мешавад. Мақолаҳое, ки ба проблемаҳои муҳимми илмӣ бахшида шудаанд ва ё дар онҳо иттилооти навтарин мавҷуд аст, бо қарори ҳайати таҳририя метавонанд бенавбат ба чоп расонда шаванд.

Редаксия бо муаллифон муҳокимаи васеи мақолаҳоро ба роҳ намемонад, дар хусуси методикаи навиштани мақолаҳои илмӣ машварат намедиҳад ва барои то дараҷаи зарурӣ баланд бардоштани сатҳи илмӣ-методии мақола бо муаллиф ҳамкорӣ намекунад.